ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон курси шиносоии намояндагони Сарраёсати маориф бо низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ боз шудааст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ, аз 16 то 20 январ 137 нафар омӯзгорони Душанбе, шаҳру навоҳии водии Ҳисор, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ аз рӯи фармоиши ДДОТ дар курс таҳсил мекунанд.
Муайян карда шудааст, ки давраи таҳсил дар се зина: ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ гузаронида мешавад.
Дар дарсҳо шаклҳои гуногуни омӯзиши интерактивӣ, аз ҷумла презентатсияҳои компютерӣ, гузоришҳо, маводи чопӣ ва электронӣ истифода мешаванд.
Марҳилаи навбатӣ, ки рӯзҳои 26-27 январ баргузор мешавад, беш аз 3,7 ҳазор нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ фаро гирифта мешаванд.
Давраи сеюми курси шиносоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хатмкунанда баргузор хоҳад шуд.