ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Марказҳои гармидиҳие, ки замоне дар Хуҷанду Бӯстон, Гулистон, Исфараву Конибодов ва Панҷакенту Истаравшан, бузургтарин шаҳрҳои Суғд фаъол буданд, ҳоло валангор шудаанд.
Мавҷуд набудани чунин марказҳо мушкили сокинони ин минтақаи Тоҷикистонро дар фасли сармо дучанд намудааст.
Сокинон мегӯянд, масъулони идораи барқрасонӣ аз онҳо даъват доранд, ки барқро сарфакорона истифода баранд. дар ҳоле, ки ягона василаи гарм кардани хонаҳои бисёрошёна дар сармо асбобу таҷҳизотҳое маҳсуб мешаванд, ки бо нерӯи барқ кор мекунанд.
Зимнан, дар фасли зимистон масрафоти неруи барқ низ ба маротиба зиёд шудааст.
Руслан, яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат зикр кард, ки масрафи пули барқ назар ба моҳи аввали фасли зимистон қариб ду баробар бештар шудааст.
"Хонаҳоро асосан тавассути фарши гарм ва кондитсионер гарм мекунем. Харҷи пули барқ аз 17 ноябр то 17 декабр 210 сомонӣ буд, ҳоло тибқи маълумтномаи идораи барқ то 17 январ, 405 сомонӣ масрафи барқ ҳисоб шудааст”, - иброз намуд сокини Хуҷанд.
Муъминхӯҷа Ваҳҳобов, сардори Идораи корхонаи фаръии шабакаҳои гармидиҳии КВД хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сабаби аз кор бозмондани дегхонаҳои гармидиҳиро шарҳ дод.
Вай гуфт, марказҳое, ки дар замони шӯравӣ дар Хуҷанд бунёд шуда будаанд то солҳои 90- уми асри гузашта ба хонаҳои сокинон гармӣ мерасониданд, аммо қатъ шудани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон чунин дегхонаҳо аз кор бозистоданд.
"Дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд якчанд гармхонаҳо фаъол буданд. Барои мисол дегхонаи гармидиҳии №13, ба се навоҳии хурди шаҳр (8, 12, 13) хизматрасонӣ мекард. Ин марказ ахиран соли 1993 аз фаъолият монд” - изҳор намуд, Ваҳҳобов.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло аз 28 дегхонае, ки дар замони шуравӣ кор мекарданд, танҳо се - чор адади он дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва шифохонаҳои ин шаҳр фаъоланд.
Дар чандин мактабҳои Хуҷанд низ аксар чунин дегхонаҳо кор намекунанд ва маъмулан синфхонаҳо аз ҳисоби печ ва ё бухориҳо тавассути ҳезум ва ангишт гарм карда мешаванд.
Бояд гуфт, танҳо дар шаҳри Душанбе маркази гармидиҳӣ фаъол буда, дар фасли сармо ба сокинони биноҳои ошёнадор хизмат мерасонад. Дар дигар шаҳрҳои бузурги кишвар чунин системаи гармидиҳанда то ҳанӯз кор намекунад.