ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки аз Русия ворид шуданд, 136,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2021-ум 3,3 маротиба зиёд аст, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии кишвар.
Тибқи иттилои Кумита шаҳрвандони хориҷӣ асосан ба ҳайси сайёҳ аз Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон, Туркия, ИМА, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Олмон ва аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 999,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ) арзёбӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 703 ҳазор нафар сайёҳ ё 3,4 маротиба зиёд мебошад.
“Аз ин нишондиҳанда аз давлатҳои ИДМ 950,1 ҳазор нафар ва аз давлатҳои хориҷи дур 49,2 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардиданд. Дар маҷмуъ дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд”, - зикр кардааст Кумита.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.