ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Русия талош дорад ҷангро дар Донбасс, аз ҷумла бо кумаки амалиёти вижа хотима диҳад.
Дар ин бора, президенти Русия Владимир Путин дар маросими 80-солагии рахнасозии муҳосираи Ленинград сухан кард.
"Дарвоқеъ, амалиёти ҷангӣ дар Донбасс аз соли 2014 инҷониб - бо истифода аз техникаи вазнин, тӯпхона, танку ҳавопаймоҳо қатъ нашудааст", - гуфт ӯ.
Путин афзуд, ки Русия ҳама талошро барои ҳалли мусолиматомези вазъ дар Донбасс кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо фиреби шарикон ин амр ғайриимкон шудааст.
"Мо муддати тӯлонӣ тоқат кардем, муддати тӯлонӣ кӯшиш кардем, ки ба созиш бирасем. Тавре ҳоло маълум мешавад, моро фиреб доданд", - шарҳ дод президент.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина аз 24 феврали соли гузашта идома дошта, ҳадафи он ҳимояи мардуму озодсозии Донбасс арзёбӣ гардид.