Кушта шудани вазири корҳои дохилаи Украина ва муовини аввалаш дар суқути чархбол

Бар асари суқути чархбол дар минтақаи Бровар и Украина, вазири корҳои дохилаи Украина Денис Монастирский ва муовини аввали ӯ ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Пулиси Украина хабар додааст, ки дар суқути чархбол дар вилояти Киев 18 нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудааст.
Мақомоти Украина тайид кардааст, ки бар асари суқути ин чархбол, вазири корҳои дохилии Украина Денис Манастирский ва муовини аввали ӯ Евгений Енин ҷон бохтанд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар дохили чархбол ҳамроҳи вазир ва муовини ввалаш боз ҳафт нафари дигар буданд.
Оқои Манастирский аз моҳи июли соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Украинаро раҳбарӣ мекунад.
Артиши Украина маркази савдо ва дорухонаи Донетскро гулӯлаборо кард - видео
Тибқи иттилои расонаҳо чархбол дар шаҳри Бровари вилояти Киев дар наздикии кӯдакистон суқут кард ва оташ гирифт.
Нахуст маъмурони интизомии ноҳияи Бровар хабар доданд, ки миёни қурбониён кӯдакон нестанд.
Аммо баъдан мақомоти Киев хабар доданд, ки ҳангоми фоҷеа кӯдакон ва кормандони муассиса дар кӯдакистон қарор доштанд.
Тибқи маълумоти ахир бар асари суқути чархбол дар Украина 18 нафар кушта ва 26 нафари дигар, аз ҷумла 12 кӯдак осеб дидааст.