Азнавбақайдгирии SIM-кортҳо: амалҳо, ҳуҷҷатҳо, бонусҳо

То 15 феврали соли 2023 ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, SIM-кортҳои худро аз рӯи шиносномаҳои намунаи нав (ID-кортҳои пластикӣ) аз нав ба қайд гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Агар ин кор анҷом наёбад, мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти №64 аз 09.02. соли 2019 операторон маҷбур мешаванд, ки хизматрасонии рақамҳои муштариёнро қатъ намоянд.
Баҳри осон кардани кори муштариён мо дастуруламалро оид ба ивазкунии шиносномаи кӯҳнаи қоғазин ва гузаштани азнавбақайдгирӣ омода намудем. Дар омади гап, бархе аз муштариён баъди гузаштани азнавбақайдгирӣ соҳиби бонусҳои гуворо аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мешаванд.

Рӯйхати ҳатмии ҳуҷҷатҳо барои ивази шиноснома

Барои гирифтани шиносномаи намунаи 2014 (ID-корти пластикӣ) зарур аст, ки ба шуъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи макони қайд муроҷиат намоед.
Шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:
- шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, намунаи соли 1996 (қоғазин);
- рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- расиди пардохти даҳ доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақагир, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озод карда мешаванд);
- маълумот дар бораи макони зист: иқтибос аз дафтари ҳавлӣ, ордери манзили истиқоматӣ ё хона, маълумотнома аз ҷамоати деҳот;
- шаҳодатномаи ақди никоҳ ё бекоркунии ақди никоҳ;
- як дона сурати сиёҳу сафед ба андозаи 3,5х4,5 мм;
- маълумот дар бораи гурӯҳи хун (мувофиқи хоҳиш).

Чӣ тавр метавон SIM-кортро аз нав ба қайд гирифт?

Шиносномаи намунаи навро бо қайди зист гирифта, шахсан ба идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳозир шавед. Барои азнавбақайдгирии SIM-корт ҳамин амалҳо кофианд.
Перерегистрация SIM-карт
Муштариёне, ки қаблан аллакай SIM-кортро аз рӯи шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гирифта буданд, дар ҳолате бояд ба идораҳои оператор ҳозир шаванд, ки агар маълумоти онҳо тағйир ёфта бошад – яъне агар онҳо ID-кортро такроран гирифта бошанд. Агар маълумоти онҳо бетағйир монда бошад, аз нав гузаштани тартиби азнавбақайдгирии SIM-корт зарур намеояд.
Ҳар як муштарӣ худ метавонад бисанҷад, ки оё рақами ӯ аз нав ба қайд гирифта шудааст ё не. Барои ин ӯ бояд USSD-дархости *321#-ро рақамчинӣ карда, тугмаи даъватро пахш намояд. Маълумоти зарурӣ тариқи SMS-огоҳӣ фиристода мешавад. USSD-дархости *409# бошад, имкон медиҳад, бифаҳмед, ки чанд рақам ба номи муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. Агар миқдори онҳо зиёдтар аз 2 ададро ташкил диҳад, зарур аст, ки ба идораи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирии рақам ҳозир шавед.

Ҳангоми шахсан омада натавонистан чӣ бояд кард?

Муштариёне, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд ё бинобар вазъи саломатӣ ба идораи оператор омада наметавонанд, азнавбақайдгириро бо ёрии шахси ваколатдор мегузаранд.
Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои зерин зарур меоянд:
- шиносномаи шахси ваколатдор;
- нусхаи шиносномаи соҳиби SIM-корт;
- ваколатномаи муштарӣ, ки дар он маълумоти шиносномаи ӯ ва шиносномаи шахси ваколатдор оварда шудааст.

SIM-кортро аз нав ба қайд гирифтед – соҳиби бонусҳо шавед!

МегаФон Тоҷикистон барои муштариёни худ бонусҳо – бастаҳоро бо 2000 Мб ё 4000 Мб трафики интернет омода намуд. Имконият танҳо ба нафароне дастрас аст, ки SMS-ҳои махсусро бо даъвати ҳозиршавӣ ба идораҳои хизматрасонӣ барои гузаштани азнавбақайдгирӣ ба даст овардаанд. Номи бастаи бонусӣ инчунин дар SMS қайд карда мешавад, муҳлати амали он – 30 шабонарӯз аз лаҳзаи фаъолкунӣ.
"МегаФон Life Фест" - имкониятҳои нави Шумо
Бонусҳоро метавон танҳо дар сурати бомуваффақият гузаштани азнавбақайдгирӣ то 15 феврали соли 2023 фаъол намуд. Амали бонус ба таври автоматӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи гузаштани азнавбақайдгирӣ оғоз меёбад.
Талаботи қонунгузориро иҷро намоед, то дар алоқа бимонед ва соҳиби бонусҳои оператори имкониятҳои нави рақамӣ гардед!