Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор саҳмияи Русияро дар бонки байналмилалӣ соҳиб шуд

Саҳми Русия дар сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё коҳиш ёфта, ҳиссаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узв баръакс афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ҳиссаи Федератсияи Русия дар Бонки рушди АвруОсиё аз надики 66%-и қаблӣ то камтар аз 45% расид.
Ба иттилои бонки мазкур, қисме аз маҷмӯи саҳмияҳои мутааллиқ ба Русия, дақиқтараш беш аз 321 ҳазор саҳмияи пардохтшуда дар сармояи оинномавии Бонки рушди АвруОсиё миёни кишварҳои узв баробар тақсим карда шуданд.
Таъкид шудааст, ки қарори мазкур аз ҷониби Шӯрои бонк якдилона қабул гардидааст. Зикр шудааст, ки мутобиқи оиннома аъзои Шӯро ваколатҳои дахлдорро аз сӯи ҳукуматҳо барои овоздиҳӣ дар ин масъала гирифтанд.
Дар натиҷаи азнавтақсимоти саҳмияҳо дар Бонки рушди АвруОсиё, Русия ҳамоно калонтарин саҳмдор боқӣ монда, ҳиссааш дар сармояи оинномавӣ 44,7878%-ро ташкил медиҳад.
Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои АвруОсиё: дурнамои рушд барои соли 2023
Дуюмин саҳмдори калонтарин ин бонк ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки 37,2865%-и сармояи оинномавиро соҳиб аст.
Саҳми Беларус - 5,2121%, аз Тоҷикистон - 4,2555%, аз Арманистон – 4,2291% ва Қирғизистон – 4,2291%-ро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2009 бо тасвиби расмиёту пардохти ним млн доллар ҳаққи аъзогӣ, узви комилҳуқуқи Бонки рушди АвруОсиё мебошад.
Бонки рушди АвруОсиё як созмони молии байнулмилалӣ мебошад, ки зиёда аз 16 сол боз ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узви он ҳиссагузорӣ мекунанд.
Феълан кишварҳои узви ин созмони молиявии байналмилалӣ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.