Парвозҳо ба Душанбе дар Урал маъмултарин хатсайр гардидаст

Машҳуртарин самтҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳи "Колтсово"-и Екатеринбург дар охири сол се шаҳр гардид - Душанбе, Дубай ва Анталия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Екатеринбург дар қатори ду кишвари дигар миёни уралиҳо маъмултарин шудааст.
"Анталия, Душанбе ва Дубай аз ҷиҳати интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои байналмилалӣ пешсаф шуданд", - гуфтааст, дафтари матбуоти фурудгоҳи "Колтсово".
Дар маҷмӯъ, соли 2022 парвозҳои мустақими мунтазам ва чартерӣ дар 33 хатсайри хориҷӣ дастраси мусофирони фурудгоҳи Урал шуданд.
Бандари ҳавоӣ дар як сол ба 5,84 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2021 3,6% камтар аст.
Ҳамзамон, интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои байналмилалӣ дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ қобили муқоиса буд.
"Росавиатсия" иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро бештар кард
Ҳарчанд ҳанӯз дар моҳи апрел, "Колтсово" ба далели таҳримҳои авиатсия ва лағви азими барномаҳои парвозҳо дар хориҷа 70% коҳишро сабт карда буд.
Пас аз чанде парвозҳои лағвшуда ба далели таҳияи барномаҳои парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба кишварҳои ҳамсоя ҷуброн карда шуданд. Аз чумла ба Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Аз сабаби зиёд шудани парвозҳо ба кишварҳои ҳамсоя интиқоли мусофирбарҳои берунӣ каме коҳиш ёфт. Аллакай дар нимаи дуюми сол ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавонистанд шумораи парвозҳоро ба истироҳатгоҳҳои машҳури Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон ва Таиланд зиёд кунанд.
Одатан, Маскав, Сочи ва Санкт-Петербург маконҳои маъмултарини сафар барои уралиҳо дар дохили кишвар гардиданд.