Таъсиси шуъбаи байналмиллалии донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон дар Тоҷикистон

Вазири беҳдошти Эрон ахиран эълон кардааст, ки шуъбаҳои байналмиллалии донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвараш дар Тоҷикистон ва Лубнон таъсис хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар назар дорем шуъбаҳои байналмиллалии донишгоҳҳои улум пизишкиро таҳти мудирияти илмии Эрон дар соири кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ва Лубнон таъсис диҳие, гуфт вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ.
Тавре хабаргузории “ИРНА” хабар додааст, оқои Баҳром Айнуллоҳӣ дар оини ифтитоҳи бемористони Ансоралғаддири Буҳман бо ишора ба ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳи Теҳрон улум пизишкии Теҳрон дар Карбало гуфт, ки Донишгоҳи Себтин бо ҳазинаи як миллиар долларӣ баҳрабардори шуд, ки кодри мутахасисони Эрон, мудирияти илмии онҷоро бар уҳда дорад.
Айнуллоҳӣ ҳамчунин афзӯд, ки дар назар дорем шуъбаҳои байналимиллалии донишгоҳҳои улум пизишкиро таҳти мудирияти илмии Эрон дар соири кишварҳои минтақа аз ҷумла Лубнон ва Тоҷикистон таъсис кунем.
Эрон Урдунро вориди бозорҳои Осиёи Марказӣ мекунад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сухангуи гумруки Эрон ахиран хабар дода буд, ки дар зарфи ҳашт моҳи соли равон тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон 190 дарсад рушд кардааст.
Манбаъ хабар додааст, ки аз Эрон ба Тоҷикистон маводи петрушими, пашмишиша (стеклават), анвоъи хушкбор, анвоъи хуроки обзоён, маҳсулоти кишварзӣ ва боғбони содир шудааас.
Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин афзуд, ки ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории Эрон бо Тоҷикистон дар 8 моҳаи соли равон аз ҷиҳати вазни 146 ҳазору 531 тонна коло ва аз ҷиҳати арзиши ба 140 миллиону 498 ҳазору 455 доллар расид.
Инчунин оқои Имодӣ гуфт, кулли мубодилоти тиҷории ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз лиҳози вазни 151 дарсад ва аз лиҳози арзиши 190 дарсад афзоиш дошт.
Сухангуи гумруки Эрон ҳамчунин илова кард, ки мизони содироти колоҳои эронӣ ба мақсади Тоҷикистон аз ҷиҳати вазн 130 ҳазору 69 тонна коло ба арзиши 93 миллион садҳазору 826 доллар буда аст.