ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Омӯзиши олимони тоҷик дар шаҳри Турсунзода муайянд кардааст, ки сармои шадид ба боғу полезиҳо таъсири манфӣ нарасондааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Турзунзода, олимон ҳамроҳи муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шносоӣ бо фаъолияти деҳқонон, бахусус ангурпарварон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти полезӣ ба ин шаҳр омада буданд.
Зимни ин боздид олимони Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вазъи воқеии боғҳо ва дигар зироати полезиро дар гармхонаҳо таҳлил намуданд.
"Таъкид гардид, ки барфи чанд рӯзи охир ба ниҳолҳои ангур ва зироати полезии гармхонаҳо таъсири манфӣ нарасонидааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳарорати гармхонаҳо мувофиқи меъёри зарурӣ нигоҳ дошта шавад ва таҳти назорати доимии мутахассисон қарор гирад.
Инчунин ба масъулин дастур дода шудаст, ки фаъолияти фермаҳои мурғпарвариро таҳти назорат қарор диҳанд, то рӯзҳои сарморо бе талаф паси сар гарданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад.
Ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, иттилоъ доданд масъулини Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.