ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Даромади буҷаи Русия аз фурӯши нафту газ дар соли 2022 новобаста аз таҳримҳои шадиди Ғарб ба маротиб афзоиш ёфтааст, гуфт муовини нахуствазир Александр Новак дар мулоқот бо нахуствазир Михаил Мишустин.
"Даромади буҷет аз фурӯши нафту газ дар соли гузашта 28% ё 2,5 триллион рубл афзоиш ёфт", - гуфт ӯ.
Истеҳсоли нафт дар муқоиса бо соли 2021 даҳ миллион тонна ё ду дарсад ва содирот ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст.
Оқои Новак таъкид кард, ки ин гуна натиҷа бо вуҷуди иқдомҳои ғайридӯстона ва таҳримҳои кишварҳои Ғарб сурат гирифтааст.
Ёдовари екунем, ки 5 декабр таҳримҳои ҷори кардаи кишварҳои Ғарб дар бахши нафт эътибор пайдо карданд: Иттиҳодияи Аврупо хариди нафти Русияро тавассути баҳр манъ кард ва кишварҳои G7, Австралия ва ИА ҳадди ниҳоии қимати нафт дар ҳаҷми 60 доллар барои як бушка нафт эълон кард.
Маскав посух дод, ки аз 1 феврал дар сурате, ки агар дар қарордодҳо мустақим ё ғайримустақим истифодаи механизми ҳадди ниҳоии нарх истифода шавад фурӯши нафт ба хориҷ манъ карда мешавад.