ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 20-25 дараҷа хунук мешавад.
Ҳавои Суғд тағйирёбанда шуда, дар бархе навоҳӣ томеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Ҳавои бебориш, вале бо тормеғ дар вилояти Хатлон низ дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона ба 6-11 дараҷа хунукӣ мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Фаромадани тормеғ бидуни боришот дар Душанбе низ пешгӯӣ гардида, ҳарорат шабона 14-16 дараҷа хунук, рӯзона 6-8 дараҷа хунук мешавад.