ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik.Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикисон Насрулло Маҳмудзода дар ноҳияи Рӯшон бо корҳои ободонӣ шинос шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Маҳмудзода ва раиси вилоят, генерал Алишер Мирзонабот аз ҷумла бо раванди сохтмони калонтарин гармхонаи ноҳияи Рӯшон шинос шудаанд.
Таъкид шудааст, ки корҳои сохмтонӣ дар гармхона аз моҳи октябри соли 2022 шурӯъ гардида, тибқи нақша моҳи феврали соли равон ба анҷом мерасанд. Баъди фаъолшавӣ интизор меравад, ки гармхона 24 нафарро бо кори доимӣ таъмин кунад.
Гармхона дар майдони зиёда аз 1,5 гектар замин бо маблағи 2 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бунёд шуда истодааст.
Генералҳо барои зиёд намудани чунин гармхонаҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят ба соҳибкор дастуру тавсияҳо дода шуданд.
Мақомот азм доранд, теъдоди гармхонаҳоро дар Бадахшон зиёд кунанд ва таъкид менамоянд, ки барои ин кор тамоми шароит фароҳам аст.
Ба сифати далели фаъолияти хуб, аз ҷумла гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ мисол оварда шудаст, ки ахиран дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон бунёд гардидаст.
Гармхона дар Ҷелондеҳ бо тамоми шароиту имконияти муосир дар баландии тақрибан 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шуда, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид мебошад, таъкид намуданд мақомот.