ВМКБ нақша дорад, қариб ним млрд сомонӣ даромад гирад

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи даромади буҷаи вилоят дар соли равонро дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ даҳҳо млн сомонӣ зиёд кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳаҷми умумии даромади буҷети маҳаллии ВМКБ дар соли 2023 аз рӯи даромад ва хароҷот дар ҳаҷми беш аз 406 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" бо такя ба сардори Сарраёсати молияи ВМКБ Хурсанд Вафобекзод иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши ҳаҷми буҷети вилоят барои соли 2023 нисбат ба буҷети соли гузашта 65,5 млн сомониро ташкил хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот нақшаи даромади буҷаи ВМКБ дар соли гузашта низ барзиёд иҷро гардид.
Чӣ сохта шуду чӣ дар нақша? Вазир аз роҳсозиҳо дар ВМКБ гуфт
Раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот изҳор дошт, ки соли 2022 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят пешравиҳо ҷой доранд.
Вай изҳор дошт, ки танҳо дар сохтмон ва соҳибкорӣ 461 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта шуда, 26 коргоҳу корхона таъсис ёфтанд.
Дар маҷмӯъ, танҳо дар бахши сохт­мон наздики 202 млн сомонӣ аз худ карда шуда, айни ҳол корҳои бунёдӣ ба маб­лағи беш аз 35 ммлн сомонӣ идома доранд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ВМКБ соли гузашта ба 1,37 млрд сомонӣ расид. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 86,5 миллион сомонӣ буда, 6,8%-ро ташкил медиҳад.