ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Маркази Гамалея корро барои сохтани ваксина алайҳи навъи нави коронавирус оғоз кардааст.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли мудири маркази мазкур, Александр Гинтсбург иттилоъ дод. Интизор меравад, ки ваксинаҳои ҷадид аз навъи "кракен" ҳимоят кунад. Гинтсбург зарур хондааст, ки васкина алайҳи навъи нави коронавирус ҳарчи зудтар омода карда шавад.
Ахиран "Роспотребнадзор" хабар дод, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба штамми "кракен" дар вилояти Пенза ба қайд гирифта шудааст.
"Ба таҳияи ваксинаи нав шурӯъ кардем, ки бар зидди вариантҳои бо ҳарфи X - XBB ва XBB.1.5 ("кракен") хоҳад буд. Нанамедонам варианти XBB.1.5 чӣ қадар зуд паҳн мешавад, аммо ваксина бояд зуд сохта шавад", -гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, муҳофизати масуният пас аз гирифтор шудан ба COVID-19 ё гирифтани ваксина метавонад барои варианти "кракен" кофӣ набошад, гуфт роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова.
Қаблан Созмони ҷаҳонии беҳдошт эътироф карда буд, ки навъи нави омикрон-штамми "кракен" хеле ба зудӣ паҳн мешавад, аммо маризон онро ба осонӣ пушти сар мекунанд. Ин маризӣ аллакай дар Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои аврупоӣ пайдо шуда, дар Русия низ сабт шудааст.