ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Нархи ҳазор рубл аз аввали ҳафтаи равон ба андозаи 9 сомонӣ боло рафтааст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, феълан 1 ҳазор рубл дар кишвар 149,5 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи рӯзи қабл 2 сомонӣ бештар мебошад. Нархи пули Русия аввали ҳафта дар Тоҷикистон муодили 140,5 сомонӣ буд.
Зимнан доллари ИМА ва евро низ дар давоми як рӯзи охир каме боло рафтаанд. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 долларро 10.2405 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон нархи 1 евроро дар бозори асъориҷумҳурӣ 11.07 сомонӣ нишон додаст
Дар мавриди қимати миёнаи харидуфурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон илова гардидааст, ки доллари ИМА аз 10.2405 то 10.2500 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нархи додуситади еврои нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.0700 то 11.1600 сомонӣ гардидааст.
Ҳазор рубли Русияро дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба ивази 149,5 сомонӣ мехаранду 152,5 сомонӣ мефурӯшанд.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.