ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Мақомот дар Тоҷикистон як табиберо барои баёнияҳои хатарнокаш дастгир кардаанд.
Боздоштшуда Бахтиёр Шоҳев аст, ки қаблан зимни баромадҳои дар интернет нашркардааш, мегуфт, Худоро дидааст бо ӯ робита дорад ва наздаш ҳар гоҳ мераваду меояд.
Чунин изҳоротҳо дар интеренет сарусадоҳоро ба миён овард ва корбарон аз мақот дархост карданд, ки ӯро дастгир намоянд.
Вазорати корҳои дохила ахиран бо нашри навори боздошту бозпурсии ӯ гуфт, ки мавсуф корманди Маркази тибии "Шоҳёр" буда ҳадафаш танҳо ба даст овардани фоида аст.
Мақомот мегӯянд, рафтори ӯ заминагузори бадбинӣ ва хусуматгузорӣ миёни мардумро бо сӯистифода аз арзишҳои динӣ ба вуҷуд овард, дар ҷомеа боиси ташвишу эродҳо гардид ва
“Амали ӯ таҳқир ба арзишҳои мардуми мусалмон аст ва чунин тарзи тафаккур боиси хатар аст”, - омадааст дар гузориши ВКД.
Зимни бозпурсии аз ҷониби мақомот, номбурда гуфт, ки хатмкардаи Донишгоҳи соҳикорӣ ва хизмат буда, ягон маълумоти динӣ надорад.
Мақомот ҳадафи ӯро баланд бардоштани нуфузи худ ва соҳиби маблағи зиёд шудан бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи динӣ унвон мекунанд.
“Мақсадам танҳо ҳамин буд, ки бо як илоҷе халқро фиреб додаву пул кор кунам. Ягон маълумоти динӣ надорам”, - гуфт ӯ зимни бозпурсӣ.
Маврид ба зикр аст, ки ӯ ҳамзамон дар интернет бо забони русӣ низ чунин матолиб нашр мекард ва ҳадафи ин корро бо мақсади дар хориҷ низ шинохта шудан мекард, то ба наздаш барои табобат ва зиёрат биёянд.
Ба гузориши ВКД таъсире, ки ӯ ба ҷомеа гузоштани буд, агар боздошт намегардид, воқеан боиси ба вуҷуд овардани хатарҳои эҳтимолӣ мегардид, зеро шарҳҳои зери наворҳои ин “нобиға” дар воқеъ нигаронкунанда аст.
Нисбати дастгиршуда бар асоси моддаи 462-и кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷиикстон барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ парванда боз шуҳда, дар ҳабс қарор дорад.