ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Нархи гази моеъ яке аз умдатарин маводи сӯзишвории воситаҳи нақлиёт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ поён шудааст
Ҳоло дар тоблуҳои нархномавии ширкатҳое, ки ба фурӯши сӯзишворӣ машғуланд, гази моеъ 3, 9 сомонӣ ва дар баъзеи дигар то ба 3, 8 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин рақам дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 1 сомонӣ коҳишёбиро нишон медиҳад.
Дар ширкатҳои чаканафурӯшӣ, сабаби коҳишёбии нархи гази моеъ ба воридоти он вобаста аст.
Мирзо Умаров, яке аз масъули таъмингоҳи маводи сухт дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки вориди бештари ин навъ маводи сухт бечунучаро ба поёнравии нарх мусоидат намудааст.
“Вақте, ки моли зиёд ба бозор арза шавад, қимати он ба таври табиӣ поён меравад. Хушбахтона ҳоло дар аксар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт (АЗС) гази моеъ фаровон аст” - таъкид намуд, Умаров.
Ин соҳибкор мегуяд, поёнравии нарх боиси гаштугузори бештар низ мегардад, ки ба савдо низ таъсири мусбат хоҳад расонид.
Нархи дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Бино ба нархномаи нав, ки ширкатҳо тартиб додаанд, ҳоло нархи бензини АИ – 95 8 – 8, 2 сомонӣ, АИ – 92 7, 6 – 7, 8 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурухта мешавад.
Маводи сӯхт дар Тоҷикистон умдатан аз хориҷа аз Русия ва Қазиқистон ворид карда мешавад. Чанде аз ширкатҳо барои ворид намудани маводи сӯхт дар даст муҷовиз гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон дастикам 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ин ба арзон будани он нисбат ба бензину дизел вобаста аст.