ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар навоҳии Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими вилояти мухтори Кухистони Бадахшон роҳҳо бастаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
Бар асари боридани барф дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои вилоят 9 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, субҳи 12 январи соли 2023 роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг баста шуд.
Илова бар ин, дар вилояти Суғд шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо маҳдудият фаъолият мекунад ва низ давра ба давра баста мешавад.
Дар айни замон он танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст ва барои мошинҳои боркаш маҳдудият ҷорӣ карда шудааст.
Дар минтақаҳои Варзоб ва Айнӣ низ фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Барои анҷом додани корҳо оид ба рафъи барфҳо ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳи ширкати IRS, ки ба ин хатсайр хизмат мерасонад ва Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардаанд.
Наҷотдиҳандагон барои таъмини бехатарии ронандагон дар шоҳроҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.
КҲФ мардумро ҳушдор дода, даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд.