ДУШАНБЕ, 11 янв— Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Варзоб садамаи маргбор рух додааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса зуҳри 10 январ дар дар километри 53-юми шоҳроҳ рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел Зафира" ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораро аз даст дода, ба бушкаи автомашинаи интиқолдиҳандаи гази моеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама шаш нафар мусофирон ҷароҳат бардоштаанд.
Кормандони КҲФ онҳоро аз мошини харобшуда берун оварда, ба беморхонаи ноҳияи Варзоба бурданд, аммо бар асари захмҳо дар роҳ ба бемористон як тан аз онҳо ҷон додааст.
Сабабҳои садамаро мақомоти интизомии кишвар таҳқиқ мекунанд.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба ронандагон муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, хусусияти роҳи зимистонро ба инобат гиранд ва ҳаёти худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд!
Маврид ба зикр аст, ки як рӯз қабл ширкати IRS хабар дода буд, ки дар ин масир танҳо давоми як соат 30 тарма фаромадааст.
Дар робита ба пешгӯии сармо ва барфрезии шадид то охири ҳафта, КҲФ низ аз ронандагон хост аз сафар худдорӣ намоянд.