ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бидуни зарурат ба сафар набароянд.
Дар ин бора муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт нашр шудааст.
Ин ниҳод дар такя ба ҳавосанҷон гуфтааст, ки сардиҳо чаҳор рӯз, яъне аз 10 то 14 январи соли равон пешгӯӣ шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки сокинон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода намоянд.
"Дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоред. Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатро аз хавфу хатар эмин нигоҳ хоҳед дошт", - омадааст, дар муроҷиатнома.
Бино ба гузориши ҳавосанҷон дар кишвар сардиҳои шадид ва резиши барфи зиёд пешгӯӣ мешавад.
Тайи чаҳор рӯзи оянда ҳаво бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.
Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Агентии обуҳавошиносии мамлакат аз вазъи ҳавои баамаломада ба сокинон пайваста ҳушдор медиҳанд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон эҳтиёткор бошанд.