ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Рӯзномаи “Торонто Cтар” ахиран дар гузорише зиндагии Аббос Ализода, машҳур ба Брюс Лии афғонистониро бозтоб додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ализода дар суҳбат бо “Торонто Сатар” гуфтааст, ки пас аз як соли зиндагӣ пинҳонӣ зери тасаллути толибон дар Кобул, ба тозагӣ бо беш аз 30 варзишкори дигар ба Бритониё мунтақил шудааст.
Аббос Ализода, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар чанд филми синамоӣ ва таблиғотӣ дар кишварҳои Осиёи ҷанӯбӣ ва марказӣ бозӣ карда, гуфтааст, ки қарораст вориди бозӣ дар филмҳои Ҳолливуд шавад.
Ин варзишкори Афғонистон, ки бо улгубардорӣ аз варзиши размии Брюс Лӣ, размикори Ҳонг Конгӣ, ба шуҳрат расид, гуфта, ки дар нимаҳои соли 2023 тасвирбардории нахустин филме, ки дар Ҳолливуд бозӣ мекунад, оғоз мешавад.
Ализода ҷузиёти бештаре дар бораи ин филм, нақши худаш ироа накарда ва гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ин иҷозаро надорад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Аббос Ализода дар соли 2014 пас аз нашри тасовирӣ аз ҷараёни варзиши размиаш ба Брюс Лии Афғонистон шӯҳрат пайдо кард.