Баъди 6 рӯзи бекорӣ Раҳмони "таърифӣ" вазифаи нав гирифт: Ногуфтаҳои тағйироти ахири кадрӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон тағйироти кадриро амалӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Холмурод Раҳмон баъди 6 рӯзи барканорияш, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъйин карда шуд.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд. Холмурод Раҳмон 5 январи соли равон, аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат озод гардида буд.
Ӯ аз ҷумлаи ангуштшумор мақомдоронест, ки президент оммавӣ аз ташаббускориҳояш тавсиф кардааст.
Вай дар гузашта роҳбарии ноҳияҳои Шаҳритусу Қумсангирро ба уҳда дошта, аз соли 2015 роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат буд.
Дар баробари ин, Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ озод шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон гардид. Ӯ Саидзода Ҷамшед Ҳамроро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз роҳбарии Ёвон барканор шуд.
Барканорию таъйинот дар тими Рустами Эмомалӣ бо фармони президент
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, Баротзода Файзулло Раҷаб иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдор таъйин шудаст, ки то ҳол раиси Лахш буд. Холзода Каромиддин Камолиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шавад, фармон додаст президент.
Сабаби барканории раиси пешини Бохтар - Саломзода Сиҷоуддин гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо мушахассан кадом расман ҳанӯз гуфта нашудааст. Аз ҷойҳои нави эҳтимолии ӯ, шаҳрдории Душанбе гуфта мешавад.
Инчунин Мирзозода Нурулло Абдулҳай иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тайъин шуда, Одиназода Бозоралӣ Неъматро иваз кардааст.
Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ аз вазифаи сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур озод гардида, курсии роҳбарӣ дар ноҳияи Қубодиёнро гирифтааст. Садриддинзода Бадриддин Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз раисии Қубодиён барканор гардидаст.