Роҳи Душанбе - Чаноқ боз шуд, вале на барои ҳама намуди нақлиёт

Роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд пас аз тоза шудан аз тармаҳои азим танҳо барои мошинҳои сабукрав боз шуд. Ҳаракати мошинҳои боркаш ҳамоно номумкин аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Масири Душанбе-Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз аст, иттилоъ дод ширкати IRS.
Ин ниҳод, ки масъулияти нигаҳдории роҳи мазкурро бар уҳда дорад, субҳи 10 январ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки дар километрҳои 69 ва 71-уми роҳи Душанбе -Чаноқ тармаҳои калон фаромадаанд ва роҳро бастанд.

"Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали ширкат сафарбар гардида, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд", - омада буд дар хабарномаи ширкат.

Зимнан, чанд лаҳза пеш IRS хабар дод, ки роҳ аз тарма тоза шуд ва мошинҳои сабукрав имкони ҳаракат кардан дар ин масирро пайдо карданд.
Зикр гардид, ки бинобар боришоти шадиди барф, роҳ барои мошинҳои боркаш ҳамоно баста аст.
Дар Тоҷикистон барфи шадид меборад
Манбаъ аз сокинон дархост намуд, ки чун хавфи фаромадани тарма зиёд аст, аз ин рӯ ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс боэҳтиёт бошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавои Тоҷикистон аз 10 то 14 январ бесобиқа сард мешавад. Ҳавосанҷон ҳушдор доданд, ки рӯзи 10 ва шаби 11 январ дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ боришоти шадиди барф сурат мегирад.
Аз ин рӯ, КҲФ ва Оҷонсии ҳавошиносӣ аз меҳмонон ва шаҳрвандон даъват намуданд, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд.