ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, дар ин садамаи мудҳише, ки рӯзи 9 январ дар Братски вилояти Иркутски Русия рух дод чаҳор муҳоҷири ҷавони тоҷик кушта шудааст.
“Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия рух дода буд, бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти мақомоти дахлдори кишвари иқомат ҳар чор нафар ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”,- иттилоъ додааст сафорат.
Сафорат қайд кардааст, ки аз ҷониби Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба наздикону пайвандони фавтидагон барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан кумакҳои зарурӣ расонида хоҳад шуд.
Ҳамзамон сафорат зикр кардааст, ки қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл дар ноҳияи Сизрани вилояти Самара айнан ҳамин гуна ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷа чор шаҳрванди Тоҷикистон ҷон аз даст доданд.
Он замон мошини шаҳрвандони Тоҷикистон дар шоҳроҳи М5"Урал" бо як мошини боркаши тамғаи "MAN" бархӯрд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин як тоҷикистонии дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин як тоҷикистонии дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.