Замин ба муаллимон: Талоши мақомоти ноҳияи Дӯстӣ барои ҷалби омӯзгорон ба кор

Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва бартараф намудани норасоии кадрӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. 37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд, иттилоъ додааст Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки соли гузашта ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ин ноҳия қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гаридида буд.
Таъкид шудааст, ки мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба хотири бартараф кардани норасоии кадрӣ дар ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият” омӯзгоронро ба кор даъват намуда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд.
Ҳудуди 63% зан: Вазир гуфт, Тоҷикистон чанд омӯзгор дораду чанди дигар намерасад
Мақомот қайд кардааст, ки барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
“Ҳоло роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талош намуда истодаанд, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур гувоҳи гуфтаҳои болост”, - хабар додааст манбаъ.