Мушкилоти ҷойдоштаро бартараф кунед: Нахустин ҷаласаи Ҳасанзода дар вазорати меҳнат

Дар вазорати меҳнат ахиран бо ҳузури вазири нав ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” таҳти раёсати вазири тозатаъйини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ализода Алишер қайд кардааст, ки дар соли 2022 барои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, равандҳои муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат тибқи стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда як қатор корҳо анҷом дода шуданд.
Гулнора Ҳасанзода аз ҳозирини ин ҷаласа мушкилот дар самтҳои фаъолияти вазорат ва роҳҳои ҳалли онро пурсон кардааст.
Манбаъ: Собиқ раиси Бонки миллӣ ба вазифаи раиси Кумитаи омор таъйин шуд
Масъулини вазорат таъкид карданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф мегардад, ки барои таҳияи лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ ба шуғл, саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18 сола боло чораҳои амалӣ меандешанд.
Дар ин ҷаласа Ҳасанзода Гулнора ба кормандонаш барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2023 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта супоришҳои мушаххас додааст.
Масъулин таъкид кардааснд, ки вазифаҳо барои соли 2023 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда алакай қабул карда шудааст.