"Росавиатсия" иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро бештар кард

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия иҷозаи афзоиши парвозҳо ба се шаҳри Тоҷикистонро дарёфт кардаанд, аммо "Северный ветер" посухи рад низ гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ожонси федеролии ҳамлу нақли ҳавоӣ - "Росавиатсия" ба ҷадвали парвозҳо аз Уфа ба Тоҷикистон тағйирот кардааст.
Ба иттилои сомонаи "Росавиатсия" шумораи муҷаввизҳои парвоз аз Уфа ба шаҳрҳои Тоҷикистон тағйир дода шуданд. Дастури ин ниҳод дар мавриди иҷозатномаҳои қаблан додашуда ба ширкатҳои ҳавопаймоии мусофирбар ё боркаш, иҷозат ё ради парвозҳо ба ширкатҳо дар сомонааш нашр гардидаст.
Ба ин тартиб, ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер", ки аз Уфа ба Хуҷанду Душанбе иҷозати парвозҳо доштааст, ба далели кам будани ҳиссаи парвозҳои дохилӣ аз иҷозатномааш мутаваққиф шудааст.
Сафорат сабаби ба таъхир афтидани парвоз аз Маскав ба Душанберо гуфт
Илова бар ин, дар иҷозатномаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки қаблан барои анҷоми парвоз аз Уфа ба Хуҷанд гирифта будаанд, ислоҳот ворид карда шудаст.
Аз ҷумла иҷозатномаи парвозҳои "Уральские авиалинии"-ро аз Уфа ба Душанбе то 5 маротиба дар як ҳафта, аз Уфа ба Кӯлоб то 7 маротиба дар як ҳафта таъйид карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аксари парвозҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия анҷом дода мешаванд, чун талабот ба сафар дар ин масир ҳамеша зиёд арзёбӣ мешавад.
Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъмини рӯзгорашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд, ки аксари онҳо аз масири ҳавоӣ истифода мебаранд.