ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад ҳаҷми тавлидоти саноатиро дар панҷ сол 2,5 баробар - аз 38,8 миллиард сомонӣ (3,7 миллиард доллар) дар соли 2021 то ба 95 миллиард сомонӣ (9,3 миллиард доллар) дар соли 2026 афзоиш диҳад, иттилоъ додааст вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон.
Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад то соли 2026 дар маҷмӯъ 870 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.
Дар 9 моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30011,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 18 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст Агентии омори Тоҷикистон.
Манбаъ хабар додааст, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ 7,4 фоиз, саноати коркард 16,6 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 16,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа 8,7 фоиз ба амал омадааст.
Агенти хабар додааст, ки дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ – сентябри соли 2022 ба маблағи 6933,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд шудааст.