ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Вазъият дар Украина дар давоми моҳҳои наздик боз ҳам шадидтар мешавад, изҳор дошт намояндаи расмии президенти Туркия, Иброҳим Калин.
Вай бо таъкиди ин нукта дар саҳифааш дар Twitter афзуд, Анкара талошҳои худро барои аз нав оғоз кардани раванди музокирот идома хоҳад дод.
Ба андешаи ӯ, бӯҳрони Украина боз амиқтар ва дарозмуддаттар хоҳад буд.
"Аз оташбас то табодули асирон, аз интиқоли ғалла то амнияти ҳастаӣ - Туркия талошҳояшро барои боз кардани роҳ барои музокирот идома хоҳад дод", - афзуд Иброҳим Калин.
Қаблан раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагияшро барои миёнҷигарӣ миёни президенти Русия, Владимир Путин ва раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский баён дошта буд.
Владимир Путин дар суҳбати охир бо Эрдуғон омода будани Русияро ба музокироти ҷиддӣ, бо шартҳои қаблан баёншудаю воқеиятҳои нави ҳудудӣ баён дошт.
Дар навбати худ ҷониби Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомези буҳрони Украина талош доранд, балки баръакс.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад, ки низоми Киевро бо аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд.