ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Мутахассисони низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳазор нафар мутахассис омода хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии артиши Русия.
“Омузиши сарбозони тоҷик якбора дар ду размоишгоҳ – Лоҳур ва Сумбулӣ – аз рӯи 14 ихтисоси низомӣ баргузор мешавад: ронанда ва танкчиёни Т-72, командири экипажи мушакандози чандгона “БМ-21 Град”, тупчии тупи худгарди “2С1 Гвоздика”, тирандози БТР-80 ва БМП-2, афсари иттилоотӣ, норинҷаандоз ва гайра омода мекунанд”, - таъкид кардаанд низомиёни Русия.
Пас аз даври омӯзиши семоҳа донишҷӯён аз аслиҳаи мошинҳои низомӣ, аслиҳаи тирандозӣ ва норинҷакандозҳо тирандозӣ хоҳанд кард.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти низомии ин кишвар дар берун аз марзи Русия аст.
Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст. Ин пойгоҳ аз мошинҳои низомӣ, танк, тӯпхонаҳо, афсарони иттилоотӣ, нерӯҳои ҳавоӣ, нерӯҳои зидди ҳавоӣ ва аз воҳидҳои алоқа иборат аст.