Мақомот ва соҳибкорони Суғд дар талоши паст кардани нархи гӯшти мурғ дар вилоят

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд бо бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси​ ширкати “Мурғи бебаҳо” ва ширкати “Ганҷи сомон” бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дорад ва ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои шиносои бо ҷараёни сохтмони ин фабрика шахсан ба шаҳри Гулистон рафт.
Таъкид шуд, ки фабрикаи​ ширкати “Мурғи бебаҳо” дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини​ 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад. Дар фабрикаи “Ганҷи сомон”, ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад
Истеҳсоли мурғ ва тухм дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид
Раиси вилоят ташкили фабрикаҳоро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят натиҷаи имтиёзҳои фароҳамшуда аз ҷониби давлат мебошад.
Раиси вилоят ҳамзамон ба фабрикаи “Қолинҳои Қайроққум” сар зад ва бо корҳои​ омодагӣ​ барои бунёди сехи нави истеҳсолӣ шинос шуд.
Дар корхонаи азими саноатӣ сехи истеҳсоли қолинҳои тафтингӣ ташкил гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз Ҳиндустон, Австрия ва Олмон ворид карда мешаванд.