ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бинобар ҳавои сарду сербориши аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбоби барқӣ қоидаҳои бехтарии сӯхторро ҷиддӣ риоя намоянд.
Ҳамчунин КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки неруи барқро сарфа кунанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро низ риоя намоняд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе-Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ва ба вуҷуд омадани барфтӯда пешбинӣ мешавад.
“Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад. Резиши сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад”,- таъкид доштаст манбаъ.
КҲФ ба ронандагон тавсия додааст, ки то сафар мошини худро санҷанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намояд, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зиддилағзиш дар ях, занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоянд. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷанд. Бо ҳамон суръате мошин ронанд, ки бехатарии худ ва ҳамроҳонашонро таъмин карда тавонанд.
“Боло бурдани суръати ҳаракат, бахусус ҳангоми убур аз чорроҳаҳо, пиёдагардҳои назди мактабу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишебиҳо ҳамеша бар зарар аст”, зикр кардааст КҲФ Тоҷикистон.
Кумитаи мазкур чанд тавсия ба онҳое, ки хонаҳои худро бо бухориҳо гарм мекунанд, пешниҳод намудааст, ки бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъи зуд оташгиранда нагиронанд. Ҳезум ва дигар маводи оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоранд.
Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносии кишвар, аз 7 то 12 январ дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад. Дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.
Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад.