Фақат зӯрӣ мефаҳманд: Вокуниши Медведев ба ради оташбас аз сӯи Киев

Мақомоти Украина, ки ҳисси модарзодии шукру шафқат надоранд, танҳо нерӯи зӯриро мефаҳманд, изҳор дошт ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ба украиниҳо дар иди бузург дасти марҳамати насронӣ дароз карда шуд, аммо роҳбаронашон онро рад карданд.
Ин нуктаро ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар вокуниш ба радди оташбас дар арафаи Мавлуди Исо аз ҷониби Киев баён дошт.
Вай таъкид намуд, дилаш ба одамоне, ки имкони рафтан ба ибодатгоҳҳоро дар таҷлил аз мавлуди Исо надоранд, месӯзад.
Аммо, онҳое, ки эътиқод ва ҳисси модарзодии шукргузорӣ надоранд, мисли мақомоти Киев - танҳо қувваи зӯриро мефаҳманд.
"Фикр мекунам, ки аксари низомиёни мо, ки дар амалиёт ширкат доранд, ҳангоми шунидани ҷавоби радди масхарабозони украинӣ ба пешниҳоди оташбас дар рӯзи мавлуди Исо оромона нафас кашиданд. Мушкилоту дурӯягӣ камтар мешавад", - афзуд ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин оташбас эълон кард, Зеленский рад намуд
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Русия, Владимир Путин ба вазиаи мудофиаи кишвар дастур дод, ки аз соати 12:00-и 6 январи соли 2023 то соати 24:00-и 7 январи соли 2023 дар тамоми ҷабҳа оташбас эълон карда шавад.
Дар дастури Путин таъкид шудааст, ки ин қарор дар пайи муроҷиати патриархи Маскав ва Русия Кирилл қабул шудааст. Патриарх Кирил қаблан хостори оташбас дар иди мавлуди Исо шуд, то мардуми масеҳӣ тавонанд дар арафаи ҷашн дар маросимҳо ширкат кунанд.
Путин ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, аз Украина низ даъват намуд, то оташбас эълон кунад, чун шумораи зиёди масеҳият дар манотиқи ҷанг ба сар мебаранд ва ба онҳо имкон дода мешавад, ки дар маросими таҷлили мавлуди Исо ширкат кунанд. Аммо ҷониби Украина онро рад кард.