Аз барф то 15 дараҷа гармӣ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 7 дараҷа, дар Суғд то 8 дараҷа, дар Хатлон то 15 дараҷа, дар Душанбею навоҳии атроф то 14 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борону барфрезӣ дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво қисан абрнок ва дар бархе қисматҳо барфу борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои қисман абрнок, вале асосан бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук 4 дарҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Дар бархе навоҳии Хатлон борон дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 5+10 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар водиҳо борону дар қисматҳои куҳӣ барфу борон пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар пеш буда, Танҳо дар нимаи дуюми борони суст дар назар аст. Ҳарорат шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.