Манбаъ: Собиқ раиси Бонки миллӣ ба вазифаи раиси Кумитаи омор таъйин шуд

Раиси Агентии омори Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Раиси Агентии омори Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.
Як манбаъ дар Агентии омор ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба вазифаи директори нави Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон таъйин шудааст
Бояд гуфт, ки чнде пеш манбаъ хабар дод, ки Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзода таъйин шудааст.
Гулнора Ҳасанзода дар гузашта директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон буд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор ва таъйин шуд
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 раисҷумҳури кишвар бо имзои фармонҳо Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро аз мақоми раиси Бонки миллӣ барканор кард
Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.
Он замон далели барканории Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шуда буд.