ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳоло Покистон он чиро, ки дар давоми даҳсолаҳо кошта буд, гирифта истодааст, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон, аз қавли роҳбари пешини ҷумҳурии исломӣ, Ҳомид Карзай.
Ба иттилои манбаъ, ин нуктаро раисҷумҳури пешини Афғонистон бо ишора ба ташдиди вазъи амниятӣ дар Покистон гуфт.
Вай аз Исломобод хостаст, ки хатоҳои сиёсати қаблии худ дар минтақаро бозандешӣ кунад ва онро тағйир диҳад.
Ин даъвати Карзай дар ҳолест, ки ахиран муовини раиси Идораи истихбороти байнихизматҳои Покистон (ISI), Навид Содиқ дар Панҷоб ҳамроҳ бо яке аз афсарони ин кишвар кушта шуданд.
Дар баробари ин дар минтақаҳои марзии Покистону Афғонистон мунтазам даргириҳои мусаллаҳона бо толибҳо сурат мегиранд, ки баъзан бо марги мулкию низомиҳо меанҷомад.
Дар ин пасманзар дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд. Раиси Кумитаи сенати Покистон дар умури муносиботи байналмилалӣ, Фаррух Ҳамид Наик изҳор дошта буд, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.
"Толибҳо, ки Исломобод аз манофеяшон дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят мекунад, кумаки Покистонро қадр намекунанд", - изҳор дошт сенатори Покистон.
Вай таъкид намудаст, ки Исломобод хилофи хоҳиши кишварҳои ғарбӣ талоши кумак ба толибҳо дорад, аммо ин гуруҳ дар нахустин фурсат силоҳро сӯи Покистон мекунанд.
Ин мақомдор дар пасманзари ҳамла ба дипломати Покистон дар Афғонистон ва даргириҳои ахири марзӣ миёни ин ду кишвар масъалаи бозбинии муносиботро ба миён гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.