Дуздии сандуқи оҳанини тарабхона бо пули калон дар Душанбе

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ахиран чаҳор нафар гумонбари дуздии сандуқи оҳанини як тарабхонаро боздошт кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Вазорати корҳои дохила аз дуздии сандуқи оҳанини яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе, ки дар дохилаш 20 ҳазор сомонӣ будааст хабар дод.
Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки чанде пеш ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 29-уми декабри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба тарабхонааш, воқеъ дар шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанинро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Марди шикояткарда дар аризаи худ таъкид кардааст, ки дар дохили сандуқи оҳанин 20 ҳазор сомонӣ пул будааст.
ВКД: Шитобед, ки муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо кам мондааст
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавонони 19, 21, 22 ва 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Вазорати корҳои дохила таъкид кардааст, ки кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз роҳандозии барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят хабар дода буд.
Тибқи иттилои манбаъ сокинони шаҳри Душанбе минбаъд метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз тариқи интернет ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.