Баъди чор моҳ: директори Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шуд

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҳукумати Тоҷикистон, директори нави Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистонро таъйид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Директори қаблии Агентӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ҳудуди як миллион сомонӣ аз як ширктаи хориҷӣ ҳанӯз моҳи сентябр барканор шуда буд.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Баҳриддин Сироҷиддинзода директори нави Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шудааст.
“Вай имрӯз ба кормандони Агентии содирот муаррифӣ шуд”, - гуфт манбаъ.
Баҳриддин Сироҷиддинзода дар гузашта директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва аз соли 2020 ба ин сӯ муовин ва муовини аввали райиси Агентии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор ва таъйин шуд
Шавкат Бобозода, директори қаблии Агентии содироти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ҳудуди як миллион сомонӣ аз як ширктаи хориҷӣ бо ваъдаи иҷрои дархосте боздошт ва 29 сентябр бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуда буд.
Вай соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.