ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии ҳукумати толибҳо, Амирхон Муттақӣ, тибқи як фармон сафири кунунии Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбарро барканор карда, сарпарасти худро таъйин кардааст, хабар доданд расонаҳои ғарбӣ.
Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин хабар як тавтиа аст, ки барои ба иғтишош кашидани азҳони умум аз сӯи расонаҳои хориҷӣ пахш шудааст ва комилан сиҳат надорад. Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон тибқи қонунҳои ин кишвар қарор дорад ва корашро идома дода истодааст.
"Тоҷикистон дар баробари тамоми кишварҳои ҷаҳон режими толибҳоро ба расмият нашинохтааст. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам аз рӯзи нахусти ба қудрат расидани толибҳо эълон кардааст, ки ин гуруҳ ва вазири хориҷиаш Муттақиро ҳам ба расмият намешиносад", - гуфт Зоҳир Ағбар.
Қаблан расонаҳои ғарбӣ гузориш пахш карда буданд, ки вазири хориҷаи толибҳо, рӯзи 26 ноябр як фармон ба имзо расонда, фардеро ба номи Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе таъйин кардааст.
Бино ба ин гузоришҳо, Тоҷикистон ду дипломати худро чанд моҳи қабл ба Кобул фиристода буд.
Бино ба гузоришҳое, ки аз қабл дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифта буд, Қорӣ Фазлраҳмон Атоӣ аз тоҷикони Бадахшон ва афроди Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди кулли артиши толибҳо буда, ҳатто сафария - харҷи сафари худро низ ба даст гирифтааст, аммо ба далоили то ба ҳол номаълум дар Душанбе ҳузур наёфтааст.
Ҳамзамон, бино ба гузоришҳо, ду дипломати Тоҷикистон, ки яке Самариддин Чӯянзода, сарпарасти сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мебошад, аз панҷ моҳ ба ин сӯ дар Кобул ҳузур доранд.
Аммо огаҳони ҳол мегӯянд, дар чунин вазъ Толибон низ метавонанд як нафари иртиботии худро дар Душанбе дошта бошанд ва то ба расмият шинохта шудани ҳукуматашон аз сӯи давлати мизбон ҳаққи ихтиёрдории сафоратро нахоҳанд дошт.
Зоҳир Ағбар дар аввалҳои соли 2020 аз сӯи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Пас аз суқути ҳукумати Ғанӣ вай эълом кард, ки бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ғанӣ сарпарасти давлати Афғонистон аст. Аз ин хотир, дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба таври намодин акси Амруллоҳ Солеҳро овехт.