Тоҷикистон дар соли 2023 бахши харгӯшпарвариро тақвият хоҳад дод

Мақомоти кишвар саноати харгӯшпарвариро яке аз соҳаҳои сердаромад медонад ва бар он аст, ки ба рушди он ба соҳаи саноат ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти кумак мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон харгӯшпарвариро дар кишвар рушд хоҳад дод, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Ба иттилои манбаъ “Барномаи рушди саноати харгӯшпарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи харгӯшпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ва пӯсти гаронбаҳои харгӯш равона гардидааст.
Тибқи иттилои мақомот саноати харгӯшпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии деҳқонӣ ба шумор рафта, рушди он ба таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва таъмини саноат бо пӯсти он мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то солҳои 90-уми асри гузашта дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор сар, аз ҷумла дар вилояти Суғд 40 ҳазор сар, дар вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 60 ҳазор сар харгӯш парвариш карда мешуд.
Аз Айнӣ то Эйнштейн шахсиятҳое, ки дар соли харгӯш ба дунё омадаанд - гузориши аксӣ
Иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷумҳурӣ асосан зоти харгӯшхҳои гиганти сафед парвариш карда мешуданд. Ин яке аз зотҳои сермаҳсул буда, дар як зоиш то 8 насл медиҳад ва босуръат афзоиш меёбад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои 1992-2006 соҳаи мазкур ва саршумори харгӯшҳо коҳиш ёфт. Аммо солҳои охир аҳолӣ боз ба ин соҳа эътибор дод, ки дар натиҷа саршумори харгӯшхо сол то сол зиёд мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар тамоми категорияҳои хоҷагидорӣ дар соли 2016 68500 сар, соли 2017 70400 сар, соли 2018 72500 сар, соли 2019 70400 сар ва соли 2020 77000 сар харгӯш парвариш карда шудааст.