Охирин раиси Шӯрои олии Русияи шӯравиро дар Чеченистон дафн мекунанд

Аз машҳуртарин ҳаводиси фаъолияти сиёсии марҳум, ин бӯҳрони соли 1993 буд, ки талоши барканории Борис Елтсинро барои "кӯшиши табаддулот" кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Охирин раиси Шурои Олии Русия, Руслан Хасбулатов дар синни 80-солагӣ даргузашт. Дар бораи сабаби фавт иттилое ироа нашудааст.
Ба иттилои наздикони Хасбулатов, маросими видоъ дар Маскав дар назар набуда, марҳум дар Чеченистон тибқи русуми маҳаллӣ баробари расидани ҷаноза ба хок супурда хоҳад шуд.
Руслан Хасбулатов соли 1942 дар Грозний таваллуд шуда, соли 1967 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардаст. Баъдан дар аспирантураи факултети иқтисод унвони номзади илмҳои иқтисодро гирифтааст.
Соли 1990 Хасбулатов вакили халқии Русияи шӯравӣ интихоб шуд. Солҳои 1990—1991 ҷонишини якуми раиси Шӯрои Олии Русияи Шӯравӣ, Борис Елсин ва баъди ба вазифаи президенти Русия расидани Елтсин, Хасбулатов раиси Шӯрои олӣ шуд.
Солгарди ИДМ: он чӣ гуна таъсис ёфт? - видео
Дар давраи бӯҳрони сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шаби 19 августи соли 1991 намояндагони роҳбарияти олии давлат, ки бо сиёсати Горбачёв ва лоиҳаи Шартномаи нави иттифоқӣ розӣ набуданд, Кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ таъсис доданд. Хасбулатов бо як муроҷиатнома ба мардуми Русия кори ин Кумитаро маҳкум кард.
Аз октябри соли 1991 Хасбулатов вазифаи раиси Шурои олии Русияро ишӯол карда, дар иҷлосияи 12 декабри соли 1991 аз тасвиби созишномои Беловежск дар бораи қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҷонибдорӣ кард.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрд байни ду шохаи қудрати Русия - ҳокимияти иҷроия таҳти роҳбарии президент Борис Елтсин ва мақомоти қонунгузор - Шӯрои Олӣ бо роҳбарии Руслан Хасбулатов бар сари суръати ислоҳот ва усулҳои ташаккули давлати ҷадид оғоз ёфт.
Бӯҳрони рӯзҳои 3-4 октябри соли 1993 ба задухӯрди мусаллаҳона мубаддал шуд ва бо тирборони дафтари порлумон – Кохи Сафед аз тонк анҷом ёфт.
Дар пайи ин Хасбулатов бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳо ба ҳабс гирифта шуда, соли 1994 бар асоси қонуни афв озод гардид. Пас аз ин ба кори омӯзгорӣ дар Академияи иқтисодии Русия ба номи Плеханов баргашта буд.