Барфу тормеғ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон ҳавои бебориш, дар қисмате борону барфрезӣ ва дар минтақаҳои дигар фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барфрезӣ дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ асосан ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои абрӣ фаро гирифта, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида барфрезӣ мешавад. Аммо рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар бархе навоҳӣ тормеғ пешгӯӣ мегардад.
Ҳаво дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона аз 3 дараҷа хунук 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дарҷа гарм дар назар аст.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Дар Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро асосан ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок ва асосан бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.