ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар се марҳила доир карда шуданд, иттилоъ додааст Вазорати дифои кишвар.
Машқҳо дар доираи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор шуданд
Ба иттилои вазорати дифоъ, мақсад аз баргузор гардидани машқҳо- асосан танзими ҳолати низомӣ ё таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифтани тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқӣ, бурдани амалиёти муштараки махсус, ҳаракати ҷузъу томҳои асосӣ, ҳамчунин таъқиб ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст буд.
Зикр гардидааст, ки барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳи мамлакат бо истифода аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, мошинҳои махсуси замонавии зиреҳпӯш, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равона гардид.
“Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза бар зидди афроди ғайриқонунии мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ шуданд”,- таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Қайд карда шудааст , ки ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бевосита назорат карда шуд.