ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо як сафари корӣ вориди пойтахти Беларус шудааст, хабар дод Валерий Ревенко, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ, ёвари вазири дифои Беларус дар умури ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ.
Оқои Ревенко дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст, ки "вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо як сафари корӣ вориди шаҳри Минск шуд".
Ҷузъиёти сафари вазир ба ҷумҳурии Беларус ҳанӯз эълон нашудааст.
Беларус ва Тоҷикистон СПАД шарик мебошанд. Тирамоҳи соли гузашта раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Александр Лукашенко бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар карда, бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.
Президентҳо аввал дар доираи хурд ва баъдан дар доираи васеъ музокира карданд. Дар натиҷа як катор санадҳои муҳим барои ҳар ду кишвар ба имзо расид.
Ёдовари мекунем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.