Даъвати Қодири Қосим аз сокинон Шуғнон: Биёед аз қонуншиканиҳо пешгирӣ кунем

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистион дар мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон ба мавзӯъҳои муҳими рӯз таваҷҷуҳ зиҳир кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ахиран муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистион Қодир Қосим дар дидору мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон таваҷҷӯҳи онҳоро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Шуғнон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Қодир Қосим дар ин дидору мулоқот бештар дар атрофи иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар, омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сухан кард.

“Қодири Қосим дар аснои мулоқот таваҷҷӯҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард”,- таъкид кардааст мнабъ.

Инчунин зикр гардидааст, ки дар ин мулоқот Қодир Қосим ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб додааст.
Чӣ сохта шуду чӣ дар нақша? Вазир аз роҳсозиҳо дар ВМКБ гуфт
Дар охири мулоқот раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир баромад намуда, зикр намуд, ки дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида аст.
“Мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон медонанд ва онро қадр менамоянд”, - гуфт ӯ.