ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Русия довталабонро аз кишварҳои дигар ҷалб мекунад, ки "интиқоли классикии таҳсилот"-ро бомуваффақият амалӣ мекунад.
Дар ин бора Павер Шевтсов, муовини раиси Россотрудничество изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, давлат дар омода кардани кадрҳои касбӣ барои кишварҳои хориҷи дуру наздик дурнамо мебинад.
"Федератсияи Русия манфиатдор аст, ки ҳамсояҳои худ низ фаъолона рушд кунанд: дар соҳаи сиёсат, иқтисод ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Русия теъдоди ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳоро барои донишҷӯёни Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст. Ҳамзамон дар ин замини кумакпулӣ ва дигар ёриҳои иҷтимоӣ барои барои онҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон аз 1 январи соли 2023 барои донишҷӯёни хориҷӣ дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ дар Федератсияи Русия осонтар шуд, шароити зисти онҳоро беҳтар мекунад.
Барои ин навиштани ариза, инчунин тасдиқ кардани далели дохилшавӣ ба муассисаи давлатии таълимӣ ё илмӣ зарур аст.
Дар баробари ин, супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия зарурӣ нест. Илова бар ин, ҳар сол пешниҳод кардани огоҳинома дар бораи истиқомат низ дигар лозим нест.