ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар Қирғизистон бо фонограмма сурудхонӣ карданд манъ гардид.
Фармони дахлдорро дар ин бора вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Олтинбек Мақсутов содир кардад.
Бинобар фармон ҳамакнун иҷрои таронаҳо ба саундтрек ва ё фонограмма дар барномаҳои фарҳангии ҳама муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва маърифатӣ манъ кард карда мешавад.
Сухан дар бораи театрҳо, иншоотҳои варзишӣ, филармония, толорҳои консертӣ, кинотеатрҳо, клубҳо, музей ва китобхонаҳо меравад.
Истифодаи фонограмма дар чорабиниҳои оммавӣ низ манъ аст. Фармон аз 1 январ эътибор пайдо кард.
Масъулият барои иҷрои он ба зиммаи роҳбарони муассисаҳои номбаршуда гузошта мешавад ва иҷрои онро вазир назорат мекунад.
Қаблан низ дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки назорати истифодаи фонограмма аз ҷониби сарояндаҳои кишварро ба даст мегиранд, аммо дар ин замина ягон қарори дахлдор қабул нагардидааст.