Маводи тарфгарӣ ҷашнро вайрон кард: Паёмадҳои номатлуби беэҳтиётиҳо дар базми солинавӣ

Истифодаи густурдаи маводи тарфгарӣ дар бархе аз минтақаҳои Русия бо ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон ва сар задани сӯхтор анҷомидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар рӯзи аввали таҷлили Соли нав дар шаҳри Санкт-Петербург 8 нафар аз истифодаи маводи тарфгарӣ осеб дидаанд, хабар дод мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа.
"Дар натиҷаи истифодаи маводи пиротехникӣ 8 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сӯхтор аз маводи пиротехникӣ низ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки бар асари сӯхтор дар базмҳои солинавӣ, ки аз ҷумла дар пайи истифодаи маводи тарфгарӣ ба вуқуъ омадаанд, касе ба ҳалокат нарасидааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон истифодаи маводи тарфгарӣ барои шаҳрвандон мамнуъ буда, мақомоти ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон, махсусан, ҷавонону наврасон пешакӣ хостанд, бо истифода аз маводи тарфгарӣ оромии сокинонро халалдор накунанд.
Дархости ВУД аз ҷавонону наврасони тоҷик: оромиро дар Соли нав халалдор накунед
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, гарчанде харидуфурӯши маводи тарфгарӣ - "пиротехникӣ-хлопушка" манъ бошад ҳам, садои гӯшхароши он дар рӯзҳои таҷлили Соли нав зиёд шунида мешавад.
Мақомот далели ин ҳолатро дар он мегӯянд, ки баъзе аз тоҷирон манфиатҳои шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ғайриқонунӣ маводи тарфгарӣ ворид ва паҳн месозанд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ҷарима аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда феълан дар Тоҷикистон муодили 64 сомонӣ мебошад.
Барои муомилот дар ҳаҷми калон ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.