ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ҳамлаи маргталабона дар даромадгоҳи фурудгоҳи низомии Кобул рух дода ба иттилои толибҳо кушта ва захмӣ шудани ғайринизомиёнро дар пай дошт.
Ба иттилои сухангӯи вазорати умури дохилии толибҳо, Абдулнафи Такур, инфиҷор субҳи 1 январ дар канори фурудгоҳи низомии Кобул рух додааст.
Мақомдори вазорати умури дохилии толибҳо таъйид кардаст, дар натиҷаи ин ҳодиса шуморе аз ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд.
Ӯ дар бораи теъдоди дақиқи қурбониёни ин ҳодиса чизе нагуфт. Ҳарчанд толибҳо дар бораи талафоти ҷангиёни худ дар канори фурудгоҳи низомии Кобул чизе нагуфтаанд, аммо шоҳидон мегӯянд, ки дар ин ҳодиса ҷангҷӯёни ин гуруҳ низ кушта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо бо вуҷуди эълонҳояшон дар мавриди таъмини амният дар кишвар аз фаъолиятҳои тахрибкорона ҷилавгирӣ карда натавониста истодаанд.
Теъдоди қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, баъди сари қудрат омадани толибҳо дар Кобул - аз 15 августи соли 2021 то ҳол майли майли афзоиш дорад.
Гузориш дода мешавад, ки солҳои 2021-2022 ҳамлаҳои террористӣ бештар аз ҷониби гуруҳи созмонёфтаи вилояти Хуросон*, бахши афғонистонии ДИИШ* сурат гирифтаанд.
Ҳамин тавр, дар моҳи охир аз ҳамлаҳои зиёди интиҳорӣ, аз ҷумла як ҳамлаи террористӣ дар масҷиди шиаҳо дар Қундуз гузориш дода шуд, ки садҳо тан куштаю маҷруҳ барҷой гузоштанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия